ИСО (маҳлули оҳаку сулфур) бар зидди касалиҳои қӯтур, гардзанӣ, переноспороз, пўсиши хокистарранг ва гарди ток бисёр муфид аст. Он пўстлохи дарахтонро аз шукуфаю занбурўғҳо тоза мекунад, ҳашароти зараррасонро нобуд месозад. ИСО аз қадим машҳур буда, дар замони Шўравӣ дар соҳаи кишоварзӣ васеъ истифода мешуд. Аз сабаби пайдо шудани заҳрхимикатҳои бешумор ва надонистани тарзи дурусти тайёр кардан ИСО онро хеле кам истифода мебаранд.
Comments